Январ 02, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Русия: Дахолати хориҷӣ дар Эрон маҳкум аст

Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе ин баёнияро дар вокуниш ба мавзеъгириҳои ахири Амрико ва бархе муттаҳидонаш аз ҷумла режими саҳюнистӣ дар қиболи нооромӣ дар бархе шаҳрҳои Эрон, содир кард.

Рӯзҳои гузашта теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое, ба таъини таклиф нашудани вазъияти молбохтагони муассисоти молии варшикаста ва гаронии бархе колоҳо эътироз карданд, ки шуморе аз фурсатталабону ошубгарон баъзе аз ин таҷаммуъҳоро ба хушунат кашонданд .

Сӯиистифодагарон аз ин таҷаммуоти мардумӣ талош карданд, ин таҷаммуотро дар масири эҷоди ихтилолу ошуб ҳидоят кунанд .

Мақомоти амрикоӣ ва саҳюнист Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу рӯзҳои ахир аз ошубгарон дар Эрон ҳимоят кардаанд .

Бархе расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ барои буҳронӣ нишон додани авзои Эрон ба пушиш додани густардаи ин эътирозҳо рӯй овардаанд .