Январ 03, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  • Амрико 500 ҳазор корманди ҳиндиро ихроҷ мекунад

Амрико қасд дорад, беш аз 500 ҳазор корманди ҳиндиро, ки дар иёлотҳои мухталифи ин кишвар дар бахши фанноварӣ машғул ба кор ҳастанд, ба кишвари зодгоҳашон бозгардонад.

Рӯзномаи Таймс Ава Индиа навишт: Дар сурате, ки тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои тамдид нашудани визаи коргарони моҳир тасвиб ва иҷроӣ шавад, беш аз 500 ҳазор ҳиндӣ, ки ба унвони коргарони моҳир дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, бояд ба ватани худ бозгарданд .

Трамп ба Вазорати кишвари Амрико дастур додааст, қавонини ҷадиде таҳия кунад, ки тамдиди визаи иқомати коргарони моҳири мунтазири дарёфти гринкартро маҳдуд кунад .

Трамп даврони муборизоти интихоботӣ қавл дода буд, дар сурати раисҷумҳури шудан, тарҳи “ҷинси амрикоӣ бихаред, коргари амрикоӣ истихдом кунед”-ро барои беҳбуди авзои иқтисодии Амрико иҷро кунад .

Тибқи қавонини феълии Амрико, ҳар коргари моҳире метавонад ҳадди аксар ба муддати шаш сол бо визаи муваққат дар ин кишвар кору зиндагӣ кунад, то иқомати доим ба даст оварад .

Трамп пешниҳод кардааст, ки ҳар коргари моҳири муҳоҷире битавонад танҳо ду бор ҳар бор ба муддати се сол аз имкони дарёфти виза бархурдор шавад ва пас аз ин муддат ҳатто агар барои дарёфти гринкарти иқомат сабти ном карда бошад, бояд Амрикоро тарк кунаду дар кишвари худ ба интизори судури он бинишинад .