Январ 04, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Ато Муҳаммади Нур: Тавтеаи бузурге дар роҳ аст

Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон гуфт, тавтеаи бузурге алайҳи раҳбарони ҷиҳодӣ ва мардуми Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ато Муҳаммади Нур рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Балх, гуфт, барои муқобила бо ин тавтеа бояд Қонуни асосии Афғонистон ислоҳ шавад ва низоми сиёсии кишвар аз раёсатӣ ба парлумонӣ тағйир кунад.

Вай афзуд, тағйири низоми сиёсӣ дар Афғонистон мӯҷиб хоҳад шуд, то дигар қудрат дар дасти як шахс набошад, балки тамоми миллати Афғонистон дар қудрат саҳм дошта бошанд.

Изҳороти ин мақоми сиёсии Афғонистони дар ҳоле матраҳ мешавад, ки музокирот миёни Арки раёсатҷумҳурии Афғонистон ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар бораи барканории ӯ, аз мақоми раёсати вилояти Балх идома дорад.

Ато Муҳаммади Нур эълом кардааст, то замоне, ки музокироти Ҳизби ҷамъияти исломӣ бо Арки раёсатҷумҳури Афғонистон ниҳоӣ нашавад, аз мақомаш канорагирӣ нахоҳад кард.