Январ 09, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳадяи аҷиби раисҷумҳури Фаронса ба ҳамтои чинияш

Раисҷумҳури Фаронса барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамтои чинияш ҳадяи ғайрмаъмулӣ ба ӯ тақдим кард. Макрон дар нахустин рӯз аз сафараш ба Чин як асп аз Горди ҷумҳурихоҳи Фаронса ба Си Ҷин Пинг ҳадя дод.

Ба гузориши сомонаи “Афкор нюс”, Эммануэл Макрон, ки рӯзи душанбе дар як сафари серӯза ба Чин ворид шуда буд, як асп аз сипоҳи саворанизоми раёсатҷумҳурии Фаронса ба Си Ҷин Пин ҳадя дод. Ба гуфтаи раисҷумҳури Фаронса, ин «иқдоми дипломатии бесобиқа» пас аз он сурат гирифт, ки раисҷумҳури Чин гуфт, дар сафараш ба Париж дар соли 2014 шефтаи 104 савораи низомӣ шуда буд, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.

Ин нахустин бор аст, ки Фаронса яке аз аспҳои саворанизомро ҳадя медиҳад. Пеш аз ин Чин як пандаро ба боғи ҳайвоноти наздики Париж ҳадя дода буд ва ин иқдоми Макрон посухе ба «дипломатияи панда»-и Чин ба шумор меравад.

Макрони 40-сола қасд дорад, дастрасии ширкатҳои фаронсавиро ба бозорҳои муътабари Чин мумкин созад ва ба ин манзур ҳайати 50-нафарае аз тоҷирон ӯро дар сафар ба Чин ҳамроҳӣ мекунанд. Эммануэл Макрон, ки ҷавонтарин раисҷумҳури Фаронса аз замони Напалеон аст, аз замони ба қудрат расидан тамоюлашро ба истифода аз намодҳои таърихӣ барои барқарории иртиботи ҳасана бо ҳамтоёнаш нишон додааст.