Рафтори Амрико мақоми Созмони милали муттаҳидро маҷбур ба инсироф кард
Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар эътироз ба иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии Амрико аз номзадии давраи баъдии раёсати ин комиссариат инсироф дод.
Ню-Йорк Таймс навишт: Зайд Раъд Алҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар назар дорад, дар эътироз ба Амрико ва бархе муттаҳидонаш, ки ҳуқуқи башарро ба таври густарда нақз мекунанд ва ба тааҳҳудоти ҳуқуқи башарӣ пойбанд нестанд, барои давраи чаҳорсолаи дуввуми раёсати ин комиссариат номзад нашавад.
Раъд Алҳусайн бо ирсоли паёме кӯтоҳ барои коркунони худ дар Женева ва низ барои Антонио Гутеррес, дабири кулли Созмони милал эълом кардааст, ки соли оянда охирин соли фаъолияти ӯ хоҳад буд, зеро идомаи кор дар шароити кунунӣ, ки ё бояд муқобили дигарон зону заду тақозо кард ва ё муҳри сукут бар лаб зад, душвор аст.
Раъд Алҳусайн борҳо аз мавозеи Трамп дар бораи занон ва муҳоҷирон ва низ аз низоми қазоии Амрико интиқод кардааст.