Январ 16, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Оғози гуфтугӯҳои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бо мухолифони мусаллаҳ

Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъкид кард, ин шӯро бар асоси роҳбурди ҷадиди гуфтгӯҳо сулҳро дунбол мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Садои афғон”, Муҳаммад Карим Халилӣ имрӯз дар нишасте дар шаҳри Кобул гуфт, гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ бо мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар ҷараён аст ва ин шӯро рӯйи чигунагии гуфтугӯҳои сулҳ бо мухолифин кор мекунад. Ӯ ҳамчунин афзуд, тамосҳои ғайрирасмӣ бо гурӯҳи Толибон барқарор шудааст.

Ҳамзамон бо ин изҳорот рӯзи гузашта ҳайате муташаккил аз аъзои Шӯрои олии сулҳ ва намояндаи Толибон бо фармондеҳии Мавлавӣ Абдурауф музокироти сулҳро дар Туркия баргузор карданд. Ин дар ҳолест, ки Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар гуфтугӯ бо расонаҳои ҷамъӣ гуфта буд, ба намояндагӣ аз ин гурӯҳ ҳеҷ ҳайате ба Туркия эъзом нашудааст. Пеш аз ин гурӯҳи Толибон хурӯҷи комили низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон ва бознигарӣ дар Қонуни Асосии ин кишварро муҳимтарин пешшартҳои худ барои сулҳ эълом карда буд.