Январ 16, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Панҷоҳ куштаву захмӣ дар инфиҷори хумпора дар Афғонистон

Мақомҳои Афғонистон эълом карданд, дар инфиҷори маргбори хумпора дар шимоли ин кишвар панҷ нафар кушта ва 45 нафари дигар захмӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон аз Кобул, Карим Юриш, сухангӯи фармондеҳии пулиси вилояти Форёб эълом кард, ин ҳамлаи ракетӣ ҳудуди соати даҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ ба бозоре дар вулусволии Хоҷаи Сабзпӯши вилояти Форёб ба вуқӯъ пайваст. Ӯ афроди Толибонро дар ин замина муттаҳам карда афзуд, шуморе аз куштаву захмишудагони ин ҳамла занону кӯдакон ҳастанд.

Сухангӯи фармондеҳи пулиси Форёб гуфт, эҳтимол шумори фавтидагони ин инфиҷор афзоиш ёбад.