Истиқболи Афғонистон аз омодагии Русия барои мизбонии музокироти сулҳ
Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз эъломи омодагии Русия барои мизбонии музокироти сулҳи Кобул бо Толибон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо” аз Кобул, Муҳаммад Исмоил Қосимёр, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон афзуд, шароит бояд ба гунае фароҳам шавад, ки сабаби эҷоди ҳасосият нашавад. Ӯ ҳамчунин афзуд, рақобате, ки байни Русия ва Амрико дар Афғонистон вуҷуд дорад, бояд дар ин кишвар ба ҳадди ақал бирасад.
Вазорати умури хориҷии Русия бо таъкид бар оғози фаврии музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон барои мизбонӣ аз ин музокирот эъломи омодагӣ кард. Ин дар ҳоле аст, ки якшанбеи гузашта низ нишасти чаҳорҷонибаи музокироти сулҳи Афғонистон бо ҳузури намояндагоне аз гурӯҳи Толибон дар Анкара, пойтахти Туркия баргузор шуд, ки натиҷае надошт.