50 кӯдаки интиҳорӣ дар роҳанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2875-50_кӯдаки_интиҳорӣ_дар_роҳанд
Гурӯҳи террористии ДИИШ 50 кӯдаки 8 то 15 соларо барои амалиёти интиҳорӣ дар мақарҳои низомӣ, масоҷид ва маконҳои мазҳабӣ омӯзиш додааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 24, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • 50 кӯдаки интиҳорӣ дар роҳанд

Гурӯҳи террористии ДИИШ 50 кӯдаки 8 то 15 соларо барои амалиёти интиҳорӣ дар мақарҳои низомӣ, масоҷид ва маконҳои мазҳабӣ омӯзиш додааст.

Як манбаи амниятии Ироқ дар гуфтугӯ бо "Ассавмария нюз"  бо ишора ба дастгирии як навҷавони 14 солаи интиҳорӣ дар шаҳри Киркук гуфт, Ҳусайн Розӣ Алавон, ки се рӯзи пеш ҳангоми амалиёти интиҳорӣ дастгир шуд, эътироф кардааст, ки ДИИШ дар подгон (гарнизон)-е дар ҷанубу ғарби Киркук ва Мусил 50 кӯдакро омӯзиш дода то дар нуқоте, ки таъйин мекунад, амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳанд.

Фаъолони сиёсӣ ва расонаӣ муътақиданд, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба вижа Афви Байналмилал то кунун ҷиноёти мухталифи террористҳои ДИИШ ҳамчун мавзӯи кӯдаконе, ки барои амалиёти интиҳорӣ тарбият мешавандро пайгирӣ накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон бо эъдоми 36 узви ҷинояткори гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҷурми қатли оми ҳазору 700 донишҷӯи афсар дар Ироқ, Созмон Афви Байналмилал баёнияе содир ва ба ин эъдомҳо эътироз кардааст.

Эъдомшудагон дар июни соли 2014 ҳазору 700 ҷавони зери 23 соли ироқиро, ки донишҷӯи пойгоҳи ҳавои "Спайкер"-и Ироқ буданд, қатли ом ва дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн карда буданд.