Январ 21, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Чин ҳамкориҳои амниятӣро бо Тоҷикистон ва Афғонистон тақвият мекунад

Коршиноси маркази пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия мӯътақид аст, ки Чин бо сохти пойгоҳи низомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳамкориҳои худро бо Кобул ва Душанбе дар заминаи мубориза бо терроризм, тақвият мекунад.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Андрей Серенко бо ишора ба тасмими Чин барои сохти як пойгоҳи низомӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом саҳми амалии давлати Пекин дар мубориза бо тарроризм мебошад.

Ба ин далел, ки сохти як пойгоҳи низомӣ аз сӯи Чин барои артиши Афғонистон дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ба маънии густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи Пекин, Душанбе ва Кобул дар мубориза бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон хоҳад буд. Аз дидгоҳи ин коршиноси рус, дар ҳоли ҳозир Чин ба навъе масъулиятҳои Созмони Паймони амнияти ҷамъиро барои тақвияти марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон бар дӯш гирифтааст, ки ҳадаф аз ин барнома, муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон мебошад. Давлати Чин ба иллати ҳузури теъдоди зиёде аз атбои уйғуртабори ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ҳам бо Душанбе ва ҳам бо Кобул, ҳамкориҳои амниятии худро афзоиш медиҳад.

Ҳафтаи гузашта Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон аз сохти як пойгоҳи низомӣ аз сӯи Чин барои артиши Афғонистон хабар дод.

Чанде пеш низ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба марзи муштараки тӯлонии ин кишвар бо Афғонистон гуфта буд, ки кишвараш дар муқобили ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон бетафовут нест. Ин дар ҳоле аст, ки Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ борҳо нигаронии худро аз густариши ноамнӣ дар Афғонистон, иброз кардаанд.