Январ 24, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон

Манобеи амниятӣ аз инфиҷори бомба дар маркази устони Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, инфиҷори субҳи имрӯз, чаҳоршанбе бахше аз шаҳри Ҷалолобод, маркази устони Нангарҳор, шарқи Афғонистонро ба ларза даровард.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтаву аз шумори талафоти эҳтимолии он низ гузорише мунташир нашудааст.

Нангарҳор пойгоҳи аслии фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ, Толибон ва аз устонҳои ноамни Афғонистон аст, ки то кунун садҳо низомиву ғайринизомӣ дар ҳамалоти Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ кушта ва ё маҷрӯҳ шудаанд.