Январ 24, 2018 14:42 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед: Барномаи мушакии Эрон меҳвари дидори ояндаи Трамп ва Натанёҳу

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед муддаӣ шуд, барномаи мушакӣ ва ҳузури минтақаии Эрон, меҳвари дидори ояндаи раиси ҷумҳурии Амрико бо нахуствазири режими Исроил дар ҳошияи иҷлоси Давос хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Ҳерберт Макмастер гуфт, Доналд Трамп қарор аст дар ҳошияи иҷлоси солонаи Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисод дар шаҳри Давоси Швейтсария бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ва бархе аз сарони ҷаҳон дидору гуфтугӯ кунад.

Иҷлоси солонаи Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисод дар шаҳри Давос аз дирӯз (сешанбе) бо суханронии раиси ҷумҳурии Швейтсария ба таври расмӣ оғоз шуд ва қарор аст Доналд Трамп ба унвони охирин нафар рӯзи ҷумъа дар Давос суханронӣ кунад.