Январ 24, 2018 17:44 Asia/Dushanbe

Ройтерс гузориш дод, гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи имрӯз ба дафтари Созмони “Кӯдаконро наҷот диҳед” Ҷалолободи Афғонистонро бар уҳда гирифт.

Ин ҳамла субҳи имрӯз муқобили сохтмони Муассисаи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакон дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон рӯй дод .

Ба гуфтаи Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи раиси вилояти Нангарҳор, дар соати 9:10 субҳи имрӯз, як омили интиҳорӣ мошини бомбгузорӣ шударо дар баробари вурудии дафтари Созмони наҷоти кӯдакон дар минтақаи Се шаҳри Ҷалолобод мунфаҷир кард.

Ин ҳамлаи интиҳорӣ ва даргирии муҳоҷимон бо нерӯҳои амниятӣ ҳашти куштаву 20 захмӣ бар ҷо гузошт .

Сухангуи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ин ҳамларо рад карда буд .