Се кишвар бо ҳазор миллиардер!
Январ 24, 2018 15:51 Asia/Dushanbe
Омори кишварҳое, ки бештарин теъдоди миллиардерҳоро дар соли 2017 дар худ ҷой додаанд, мунташир шуд.
Маҷаллаи Форбс, ки солона омори афроде бо даромади беш аз як миллиард долларро мунташир мекунад, омори соли 2017 ин миллиардерҳоро низ мунташир кард .
Иёлоти Муттаҳида бо 565 миллиардер дар садри ин радабандӣ қарор дораду пас Чин бо 319 миллиардер дар радаи дуввум аст .
Олмон бо 114 ва Ҳинд бо 101 миллиардер низ дар ҷойгоҳи сеюму чаҳорум қарор доранд .
Пас аз Ҳинд низ Русия (96), Гонконг (67), Британия (54), Бразилия (43), Италия (42), Канада (39), Кореяи Ҷанубӣ (38) ва Фаронса (38) қарор доранд .