Январ 27, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар Қандаҳори Афғонистон

Теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳони ҳодисаи инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар Қандаҳори Афғонистон ба чаҳор кушта ва 10 захмӣ афзоиш ёфт.

Ба гузориши манобеи афғон, ду нафар аз куштаҳо ва чаҳор нафар аз захмиҳо аз нерӯҳои полис ҳастанд.

Гуфта мешавад, омили инфиҷори худрави ҳомили маводи мунфаҷира худро дар вурудии мақарри ист ва бозрасии шаҳри Қандаҳор мунфаҷир кард.

Масъулияти ин инфиҷорро то кунун фард ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.