Афзоиши қурбониёни инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар Қандаҳори Афғонистон
Январ 27, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
Теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳони ҳодисаи инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар Қандаҳори Афғонистон ба чаҳор кушта ва 10 захмӣ афзоиш ёфт.
Ба гузориши манобеи афғон, ду нафар аз куштаҳо ва чаҳор нафар аз захмиҳо аз нерӯҳои полис ҳастанд.
Гуфта мешавад, омили инфиҷори худрави ҳомили маводи мунфаҷира худро дар вурудии мақарри ист ва бозрасии шаҳри Қандаҳор мунфаҷир кард.
Масъулияти ин инфиҷорро то кунун фард ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.