Январ 27, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм баҳонаи ҳамлаи Амрико ба Афғонистон

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, Амрико ба ҷойи мубориза бо терроризм, хонаҳои ғайри низомиёнро бомбаборон ва мардуми бегуноҳро зиндонӣ мекунад.

Ҳомид Карзай дар нишасти фарҳангии" Ҷайпур" дар Ҳинд, бо интиқод аз амалкарди низомӣ ва амниятии Амрико дар Афғонистон, гуфт, мухолифи Амрико нест; Аммо мухолифи амалкарди ин кишвар дар Афғонистон аст.

Вай афзуд, Амрико бо бомбаборон ва зиндонӣ кардани бегуноҳон дар Афғонистон, бидуни дарназар гирифтани лонаи аслии террористҳо дар хориҷ аз Афғонистон, ба ғайринизомиён зарба мезанад.

Ҳомид Карзай ҳамчунин бо интиқод аз Созмони иттилоотии Покистон (I.S.I), гуфт, Исломобод дар хоки худ ба террористҳо паноҳ дода ва аз онҷо террористҳоро ба Афғонистон эъзом мекунад.

Вай афзуд, амрикоиҳо бо ҳимоят аз кишти маводи мухаддир ва бомбаборони ғайри низомиён, омили фасод дар ин кишвар ҳастанд.