Иқдоми Русия барои пазириши 15 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29513-Иқдоми_Русия_барои_пазириши_15_ҳазор_донишҷӯи_хориҷӣ
Давлати Русия аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ барномаи пазириш ва омӯзиши 15 ҳазор донишҷӯи хориҷии довталаби таҳсил дар 6 донишгоҳи ин кишварро бо бурсияи давлатӣ оғоз кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 05, 2018 07:16 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Русия барои пазириши 15 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ

Давлати Русия аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ барномаи пазириш ва омӯзиши 15 ҳазор донишҷӯи хориҷии довталаби таҳсил дар 6 донишгоҳи ин кишварро бо бурсияи давлатӣ оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи “Migranto.ru”, дархости сабти номи мутақозиён аз кишварҳои хориҷӣ интернетӣ буда ва то рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Гузинаи донишҷӯён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз сӯйи дафтари намояндагии Кумитаи ҳамкориҳои хориҷии Русия анҷом мешавад.

 Ба далели меъёр қарор гирифтани доштани теъдоди бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳо, ки муҷиби иртиқои ҷойгоҳи ин марокизи омӯзишӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мешавад, ҳукумати Русия қасд дорад аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ донишҷӯ ҷазб кунад.

Ба гуфтаи хонум Олга Василова, вазири омӯзиш ва улуми Русия, Маскав барномаи доштани 760 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ дар донишгоҳҳоро то соли 2025 дар дастури кор қарор додааст.

 Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия 132 ҳазору 700 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 12 ҳазор нафар аз онон тоҷик ҳастанд.

Ҳамчунин давлати Русия барои эътои тобеият ба донишҷӯёни муваффақи хориҷӣ ва таъмини ин афрод бо ҷойи кори муносиб барномарезӣ кардааст.