Таъкиди Русия бар ғайримумкин будани таҷдиди назар дар БарҶом
Муовини вазири умури хориҷаи Русия дархостҳои Вашингтон дар мавриди тавофуқи дубора дар БарҶом-ро иқдоме ғайриқобили қабул донист ва гуфт, ин бархурди Амрико ҳеҷ натиҷае нахоҳад дошт.
Ба гузориши рӯзномаи “Известия”, Сергей Рябоков, муовини вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, Амрико набояд интизори тавофуқи муҷаддад дар бораи муҳтавои БарҶом дошта бошад, зеро чунин иқдоме танҳо мунҷар ба шикасти тавофуқи ҳастаӣ бо Теҳрон хоҳад шуд ва таъсироти лағви эҳтимолии БарҶом манфӣ хоҳад буд.
Рябоков изҳор дошт, иқдомоте аз ҷониби тарафи амрикоӣ сурат гирифта, ки на танҳо пойбандии Вашингтон ба БарҶом-ро зери суол бурда, балки эъмоли фишор бар Теҳронро низ афзоиш додааст.
Муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, Амрико ба ҷои анҷоми музокироти оддӣ барои ҳаллу фасли масоил, ба равишҳои таҳдид ва эъмоли фишор рӯй оварда, ки мусалламан ҳеҷ касе дар баробари онҳо ба созиш тан нахоҳад дод ва ҳеҷ натиҷае нахоҳад дошт.
Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як (Биритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 амалӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои он бадаҳдӣ мекунад.
Бо вуҷуди пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶом, ки борҳо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ онро таъйид кардааст, Амрико хилофи ваъда рафтор ва тааҳҳудоти худро нақз мекунад.
Гуфтанӣ аст, масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни радди ҳар гуна музокираи муҷаддад дар мавриди БарҶом, тағйир дар ин тавофуқи байналмилалиро нақзи он донистаанд.