Феврал 13, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ато Муҳаммади Нур ба давлати Ашраф Ғанӣ

Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ба давлати Кобул дар бораи ҷилавгирӣ аз роҳпаймоии мардуми Балх ба сӯйи Кобул ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ато Муҳаммади Нур, волии барканоршудаи вилояти Балх рӯзи душанбе дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Мазори Шариф, маркази ин вилоят гуфт, агар давлати Кобул шартҳои Ҳизби ҷамъияти исломиро напазирад, ҳаводоронаш ба сӯйи пойтахти Афғонистон роҳпаймоӣ мекунанд ва касе наметавонад монеи онон шавад.

Ато Муҳаммади Нур гуфт, музокироти Ҳизби ҷамъияти исломӣ бо давлати Афғонистон идома хоҳад дошт, аммо давлати Ашраф Ғанӣ чорае ҷуз пазириши шартҳои ин ҳизб надорад.

Волии барканоршудаи Балх пеш аз ин низ гуфта буд, дар баробари Арги раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз хостаҳои худ ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Ато Муҳаммади Нур хоҳони иҷрои комили тавофуқномаи сиёсӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати Миллӣ ва ҳамчунин Луи Ҷирга барои тағйири қонуни асосӣ аст.