Феврал 23, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти бахши афғонистонии хатти лулаи гази ТАПИ

Амалиёти сохти қитъаи дувуми хатти интиқоли лулаи гази Туркманистон ба Ҳиндустон ё тарҳи ТАПИ дар хоки Афғонистон бо ҳузури мақомоти чаҳор кишвари саҳгузор дар иҷрои ин тарҳ, рӯзи ҷумъа дар вилояти Ҳирот- дар ғарби Афғонистон оғоз шуд.

 Ба гузориши ИРНА дар оини вежае, ки ба муносибати шурӯъи ин тарҳи иқтисодӣ дар толори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхии шаҳри Ҳирот баргузор шуд, Муҳаммад Ашрафғанӣ-раисҷумҳури Афғонистон муҳимтарин таъсири тарҳи ТАПИ-ро эҳёи нақши таърихии Ҳирот ба унвони чаҳорроҳи Осиё баршумурд.

 Ашрафғанӣ афзуд: тарҳи ТАПИ барқ, газ, кор ва амният меовард ва барои минтақа ҳаётӣ аст.

Вай ба уҳдадории кишвараш дар таъмини амнияти ин хатти лула ва тазмини иҷрои саривақтии он ишора кард ва аз мардумаш хост дар ҳифозати тарҳ бо нируҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

 Дар маросими имрӯз ҳамчунин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раисҷумҳури Туркманистон гуфт: Ин рӯз ҷашн аст ва рӯзи таърихӣ ва ин нишаст нишондиҳандаи муштарак будани тафаккурот ва талошҳои чаҳор кишвар аст.

 Бердимуҳаммадов тарҳи ТАПИ-ро намоёнгари ҳусни ҳамкории байни миллатҳои чаҳор кишвар хонд ва ибрози итминон кард, ки ин ҳамкорӣ дар сатҳи байналмиллалӣ густариш меёбад.

Ҳамчунин Шоҳид Хоқон Аббосӣ-нахуствазири Покистон дар оини имрӯз гуфт:Тарҳи иқтисодии ТАПИ, зиндагии садҳо ҳазор тан аз сокинони кишварҳои  маҳалли  гузари хатти луларо тағйир хоҳад дод.

 Мубашшир Ҷавод Акбар-вазири мушовир дар умури хориҷаи Ҳиндустон низ, ки дар оини имрӯз ҳузур дошт аз мушорикати Ҳиндустон дар сохти обанбори Салмо дар Ҳироти Афғонистон ба унвони намунаи ҳамкориҳо ёд кард ва гуфт : Тарҳи ТАПИ ҳам боиси дӯстӣ, сулҳ ва ҳамкориҳои бештар мешавад.

Субҳи имрӯз ва пеш аз оини баргузоршуда дар Ҳирот низ чаҳор мақоми кишварҳои мизбони хатти лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Ҳиндустон дар толори Салимчашмаи Туркманистон гирдиҳам омаданд, то поёни амалиёти сохти қитъаи нахусти тарҳи хатти лулаи интиқоли газро дар хоки Туркманистон ҷашн бигиранд.

 Имрӯз ҳамчунин ҳамзамон бо шурӯъи амалиёти ТАПИ дар Афғонистон тарҳи хатти роҳи оҳани Туркманистон – Ҳирот бо ҳузури мақомҳои амниятии Туркманистон ва мақомҳои маҳаллии вилояти Ҳирот оғоз шуд.