Феврал 27, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости сӣ сол ҳабс барои раисҷумҳури пешини Кореяи Ҷанубӣ

Додситони Кореяи Ҷанубӣ ба далели фасоди молӣ ва сиёсии раисҷумҳури пешини ин кишвар, хостори 30 сол ҳабс барои ӯ шуд.

Хонуми Парк Геун Ҳе соли 2016 ба далели расвоии молӣ ва сиёсӣ аз симмати худ барканор шуд.  

Соли 2016 фош шуд, ки Парк ба яке аз дӯстони наздик худ, ки нақши ҳукуматӣ надошта, иҷозаи сӯиистифодаи сиёсӣ ва молӣ додааст.

Эълом шуд, Парк аз замони оғози раёсатҷумҳурӣ то барканорӣ яъне аз 2013 то 2016 моҳона 47 ҳазор доллар аз сервиси иттилооти миллии ин кишвар ришва дарёфт кардааст.  

Пас аз ин расвоиҳо, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ бо эътирозоти густардаи мардумӣ ва ҳизби оппозитсия истезоҳ ва барканор шуд.

 

Барчасп