Обпошӣ дар аввалин мунозираи интихоботии Русия + видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30657-Обпошӣ_дар_аввалин_мунозираи_интихоботии_Русия_видео
Нахустин мунозираи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки 28-уми феврал баргузор шуд, бо саҳнаҳои аҷиб ва ҷолибе ҳамроҳ буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 01, 2018 10:57 Asia/Dushanbe

Нахустин мунозираи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки 28-уми феврал баргузор шуд, бо саҳнаҳои аҷиб ва ҷолибе ҳамроҳ буд.

Ксения Собчак, номзади Ҳизби ибтикори маданӣ дар ин мунозира пас аз ҷадали лафзӣ бо Владимир Жриновский, раҳбари Ҳизби либерал - демократ, ливон (истакон)-и обро рӯйи Жриновский холӣ кард.

Жриновский ҳам дар посух ба ин иқдоми Собчак аз таҳиякунандагони барнома хост, ӯро аз студия берун бияндозанд.

Ин мунозира бидуни ҳузури Путин баргузор шуд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва танҳо номзади мустақили интихоботи ин давра пештар эълом карда буд, қасд надорад аз имконоти давлатӣ барои таблиғ истифода кунад, аз ин рӯ дар мунозираҳо ширкат нахоҳад кард.

Бо ин ҳол, бархе нозирони сиёсӣ ин тасмими Путинро ба маънии талоши ӯ барои гурез аз посухгӯӣ арзёбӣ мекунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия 18-уми март баргузор мешавад.