Ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Афғонистон
(last modified Fri, 09 Mar 2018 14:16:01 GMT )
Март 09, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Афғонистон

Дастикам ҳафт нафар дар ҳамлаи террористӣ дар Кобул кушта шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алъолам”, Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, қабл аз зуҳри имрӯз омили террористие бомбҳои ҳамроҳи худро дар минтақаи Дашти Барчӣ, ғарби Кобул мунфаҷир кард. Бар асари ин ҳодиса то кунун дастикам ҳафт нафар кушта ва ҳудуди бист нафари дигар захмӣ шуданд. Бо ин ҳол, бархе аз шоҳидони айнӣ эълом карданд, ин инфиҷор бар асари инфиҷори бомби миқнотисӣ анҷом гирифтааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда гирифт.