Март 09, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Дархости ДИИШ аз аъзои худ барои кӯчидан ба Афғонистон

Дар пайи шикасти гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ин гурӯҳ аз аъзои худ даъват кардааст, то ба манотиқи шимолӣ ё шарқии Афғонистон бикӯчанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо” аз Кобул, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон хабар доданд, гурӯҳи террористии ДИИШ дар баёнияе эълом кардааст, кишварҳои Ироқу Сурия барои ин гурӯҳ амният надорад. Ин дар ҳоле аст, ки ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ ва Сурия шикаст хӯрда ва акнун ба дунболи пайдо кардани макон дар Афғонистон аст.

Гуфта мешавад, низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон дар интиқоли гурӯҳи такфирии ДИИШ ба ин кишвар нақш доранд. Дар ҳоли ҳозир ҳазорон нафар аз аъзои ДИИШ дар бархе вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла Нангарҳор, Ҷузҷон, Сари Пул мустақаранд, ки ҷиноёти зиёде содир карда, дар қатли оми мардуми Афғонистон даст доранд.