Русия чаҳор моҳвораи аврупоӣ ба фазо партоб кард
(last modified Sat, 10 Mar 2018 08:28:46 GMT )
Март 10, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Русия чаҳор моҳвораи аврупоӣ ба фазо партоб кард

Русия чаҳор моҳвораи аврупоӣ аз Гвиана, дар заминҳои “Моварои биҳор” (он сӯйи об ё ноҳияи фародарёӣ)-и Фаронса ба фазо партоб кард.

Ба гузориши ИРНА, мушаки моҳворабари русии “Союз-СТ-Б” бо чаҳор моҳвораи мухобиротӣ ҷумъашаб аз пойгоҳи фазоии Куру (Кourou) дар Гвианаи Фаронса ба фазо партоб шуд.

Гвиана яке аз ноҳияҳои он сӯи об (моварои биҳор)-и Фаронса, дар шимоли Амрикои Ҷанубӣ, дар ҳамсоягии кишварҳои Суринам ва Бразилия, дар ҷануби баҳри Кариб (Кароиб) аст.

Моҳвораҳои мазкур барои эҷоди системаи ҷадиди мухобиротии фазоии Аврупо дар назар гирифта шудааст.

Ин моҳвораҳо барои дастрасии манотиқи дурафтода ва дар ҳоли тавсеа ба мухобирот ва шабакаи интернетӣ, ки имкони кабелкашӣ вуҷуд надорад, ба кор гирифта хоҳад шуд.

Ин моҳвораҳо ҳамчунин маҳдудае бо ҷамъияти ҳудуди се миллиард нафарро таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.