Таъсири сиёсатҳои ҳамсоягони Афғонистон дар таҳаққуқи сулҳ ва амният
(last modified Sun, 11 Mar 2018 07:21:59 GMT )
Март 11, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Таъсири сиёсатҳои ҳамсоягони Афғонистон дар таҳаққуқи сулҳ ва амният

Коршиноси сиёсии афғон гуфт, сиёсати кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкориҳои созандаи онҳо, бар талошҳо барои таҳаққуқи сулҳу амният дар он кишвар таъсиргузор аст.

Абдушшукур Ахлоқӣ, коршиноси сиёсии афғон бо ишора ба нишаст сулҳ Афғонистон гуфт: баргузори ин нишастҳо, созанда ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳ ва алоқамандии дигари кишварҳо ба сулҳу субот дар Афғонистон аст.

Нишасти сулҳи Афғонистон қарор аст, дар ояндаи наздик дар Тошканд- пойтахти Узбакистон баргузор шавад.

Ин рӯзноманигори афғон, амният ва субот дар Афғонистонро ба нафъи дигар кишварҳо донист ва афзуд, ноамнӣ дар ин кишвар метавонад вазъияти кишварҳои ҳамсояро буҳронӣ кунад.

Ахлоқӣ тасреҳ кард, нишасте, ки қарор аст, дар мавриди сулҳи Афғонистон дар Тошканд баргузор шавад, агар аз барномаи дақиқе бархӯрдор бошад метавонад, нақши муфиде дар қазияи сулҳи ин кишвар ифо кунад.