Суқути 12 постгоҳи амниятии Афғонистон дар ҳамлаи Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31171-Суқути_12_постгоҳи_амниятии_Афғонистон_дар_ҳамлаи_Толибон
Сухангӯи устондори вилояти Тахор (дар шимоли Афғонистон), аз суқути 12 постгоҳи амниятӣ дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ин вилоят, хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 11, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Суқути 12 постгоҳи амниятии Афғонистон дар ҳамлаи Толибон

Сухангӯи устондори вилояти Тахор (дар шимоли Афғонистон), аз суқути 12 постгоҳи амниятӣ дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ин вилоят, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Суннатуллоҳ Темур гуфт, дар ин ҳамла ҳамчунин 16 низомии афғон кушта ва 13 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд ва даргирии шадид байни неруҳои амниятии афғон ва гурӯҳи Толибон ҳамчунон идома дорад.

Вай ҳамчунин хабар дод, бар асари ҳамлаи Толибон ба вилояти Тахор, манотиқи зиёде аз шаҳристони Хоҷағори ин вилоят ба контроли гурӯҳи Толибон даромад.

Рӯзи гузшта низ дар ҳамалоти гурӯҳи Толибон ба неруҳои амниятии афғон дар вилояти Фароҳ, 30 низомии афғон кушта шуданд.

Ҳамалоти гурӯҳи Толибон ҳамзамон бо оғози фасли баҳор дар шимол, ғарб, шарқ ва ҷануби Афғонистон афзоиш ёфтааст.