Маҳкумияти ҳамла ба мусулмонони Шри Ланка аз тарафи Созмони милали муттаҳид
Март 12, 2018 14:01 Asia/Dushanbe
Муовини сиёсии дабири кулли Созмони милал хушунат алайҳи мусулмонони Шри Ланка ва ҳамла ба ононро маҳкум кард.
Ҷеффрӣ Фелтман якшанбе дар сафари серӯзааш ба Шри Ланка, ҳамалоти зидди мусулмонон ва амволи онҳоро маҳкум кард ва аз давлати ин кишвар хост, монеи ин хушунатҳо шавад.
Будоҳои ифротӣ 28 феврали гузашта дар шаҳри Ампара дар шарқи Шри Ланка бо мусулмонон даргир шуданд ва мағозаҳои ононро ба оташ кашиданд.
Дар ин даргириҳо дастикам панҷ нафар аз мусулмонон захмӣ шуданд ва як масҷид ҳам хисорат дид.
Гурӯҳҳои ифротии будоӣ дар Шри Ланка дар рӯзҳои ахир мусулмононро ба тахриби биноҳои муқаддаси худ муттаҳам карда ва ба ин баҳона, хушунат алайҳи мусулмононро шиддат додаанд.