Русия Амрикоро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31463-Русия_Амрикоро_ба_дахолат_дар_умури_дохилии_ин_кишвар_муттаҳам_кард
Сафорати Русия дар Амрико, Вашингтонро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 17, 2018 14:23 Asia/Dushanbe
  • Русия  Амрикоро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кард

Сафорати Русия дар Амрико, Вашингтонро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кард.

 Ба гузориши хабаргузории Спутник, ба думболи иддаои вазорати умури хориҷаи Амрико дар хусуси инки интихоботи раёсатҷумҳурии Русия шаффоф нахоҳад буд, сафорати Русия дар Амрико Вашингтонро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кард.

Сафорати Русия дар Амрико дар Tweety  эълом кард: Намунаи дигаре аз мудохилаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури дохилии Русия мушоҳида мешавад ва ин вазоратхона акнун ба ахбори дурӯғ руй овардааст.

 Бар асоси ин гузориш сафорати Русия эълом кард Амрико талоши бадхоҳона барои зарба задан ба демокросӣ дар Русия оғоз карда, ки роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

 Сафорати Русия дар Америка шаффофияти интихоботи раёсатҷумҳурии Русияро ба таври комил тазмин мекунад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 18 март баргузор мешавад.