Март 26, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории конфронси илмӣ-фарҳангии

Бо ибтикори консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон конфронси илмӣ-фарҳангие ба муносибати фаро расидани соли нави хуршедӣ ба унвони «Наврӯз дар Тоҷикистон» баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори ҳукумати вилояти Бадахшон ва шаҳри Файзобод, намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар вилояти Бадахшон, мудири Донишгоҳи шаҳри Файзобод, намояндагони “Иттиҳоди пешаварони Бадахшон”, ниҳодҳои байналмилалии муқими вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои ёрӣ ба барқарорсозии Афғонистон дар шимоли ин кишвар, бахши намояндагии Анҷумани тоҷикону форсизабонони ҷаҳон дар вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшон, намояндагони илму фарҳанг ва ҳунармандон ширкат карданд.

Дар оғози ҳамоиш сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон пахш шуд. Сипас муовини раиси вилояти Бадахшон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, сардори раёсати фарҳанги ҳукумати Бадахшон ва намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шимолу шарқи Афғонистон дар бораи Иди Наврӯз, таъриху забон, фарҳанг ва робитаҳои дар ҳоли тавсеаи Тоҷикистону Афғонистон ва нақши Тоҷикистон барои таъмини сулҳу суботи пойдор, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон суханронӣ карданд. Ҳамчунин дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳунарҳои мардумӣ, ғизо ва либоси миллии Тоҷикистону Афғонистон низ ба намоиш гузошта шуд.