Апрел 05, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар Афғонистон

Мардуми вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон дар эътироз ба ҳамлаи ҳавоии низомиёни хориҷӣ ба саркардагии Амрико ба ин вилоят тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, садҳо нафар аз сокинони вилояти Қундуз рӯзи чаҳоршанбе дар тазоҳуроте, ки дар шаҳри Дашти Ерчии ин вилоят баргузор шуд бо маҳкум кардани идомаи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои хориҷӣ ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон поёни ин ҳамлаҳоро хостор шуданд.

Тазоҳуркунандагони афғон аз давлати Афғонистон низ хостанд фавран ба ин мавзӯъ расидагӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол шуморе аз аъзои маҷлиси Афғонистон дар вокуниш ба ин ҳамла эълом карданд хориҷиҳо дар Афғонистон мусулмонкушӣ роҳандохтаанд ва бояд ин ҳамлаҳо мутаваққиф шавад.

Дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи душанбе низомиёни хориҷии таҳти фармони Амрико ба шаҳри Дашти Ерчии вилояти Қундуз даҳҳо нафар аз ҷумла чанд кудак кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳамакнун беш аз 19 ҳазор низомии хориҷӣ, ки 16 ҳазор аз ин шумор амрикоӣ ҳастанд дар Афғонистон мустақаранд.

Ба эътиқоди бисёри мардум ва масъулони Афғонистон ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи дигар кишварҳои узви НАТО токунун ҳеч дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои Афғонистон надошта ва ноамниҳо рӯз ба рӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп