Апрел 07, 2018 15:57 Asia/Dushanbe
  • Сензураи барномае алайҳи саҳюнистҳо дар “YouTube”

Шабакаи иҷтимоии “YouTube” бахше аз як барномаи таҳқиқотиеро, ки ба ҷоҳталабиҳои низоми режими саҳюнистӣ ихтисос дошт, сензура кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин барномаи таҳқиқотӣ бо унвон "парвандаҳои императорӣ"-ро Абигайл Сюзан Мартин (Abigail Suzanne "Abby" Martin), рӯзноманигори амрикоӣ иҷро мекард.

“YouTube” қисмате аз ин барномаро, ки дар он мусоҳибаи муҷрии амрикоӣ бо Макс Блюментал (Max Blumenthal), рӯзноманигор гунҷонда шуда буд, дар бисту ҳашт кишвар ҳазф кард ва иллати онро нақзи қавонини миллии ин кишварҳо донист.