Апрел 12, 2018 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раисҷумҳури Русия ба Нетаняҳу

Раисҷумҳури Русия ба нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, аз иқдомоти бесуботкунанда дар минтақа парҳез кунад.

Кремлин дар баёнияе бо эъломи хабари гуфтугӯи телефонии Бенямин Нетаняҳу бо Владимир Путин афзуд: Дутараф дар бораи масъалаи Сурия аз ҷумла ҳамлаи ахири нерӯии ҳавоии режими саҳюнистӣ ба пойгоҳи ҳавоии Тейфур дар устони Ҳимси Сурия музокира карданд.

Владимир Путин ба Нетаняҳу таъкид карда, ки эҳтиром ба ҳокимияти Сурия дорои аҳаммияте бунёдин аст.  

Режими саҳюнистӣ бомдоди душанбе ба пойгоҳи Ти 4-и Сурия ҳамла кард.