Тавсияи Горбачёв ба Амрико ва Русия
Охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аз раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико хост, то оқилона рафтор кунанд.
Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо “Интерфакс”, аз Иёлати муттаҳидаи Амрико ва Русия хост, то нишасте барои расидагӣ ба мавзӯи Сурия ва бозгашт ба ақлоният баргузор кунанд.
Горбачёв гуфт, итминон дорам ҳеҷ кас ҷанг намехоҳад, аммо фазои табдори феълӣ мумкин аст, ба дарди сари бузурге хатм шавад ва мардум аз ин таҳдид бехабар ҳастанд.
Вай афзуд, Доналд Трамп ва Владимир Путин бояд шароити танишолудро ором кунанд, зеро чунин ҳаводисе метавонад ба як фоҷиаи бузург дар фазои пуртаниши кунунӣ хатм шавад.
Горбачёв ҳушдор дод, ки сиёсати байналмилал ба арса иттиҳомпароканӣ, таҳрим ва ҳатто ҳамлаҳои низомӣ табдил шуда ва давлатҳо дар ба коргирии созукорҳои дипломатӣ, нотавон шудаанд.
Охирин раҳбари Шӯравӣ гуфт, аз он ҷое, ки Русия ва Амрико дар паси буҳрони кунунӣ ҳастанд, раҳбарони ду кишвар бояд дидор кунанд ва мақомҳои вазорати хориҷа ва дифоъ ҳам бояд дар он дидор ҳузур дошта бошанд.