Ҳушдори Русия ба Фейсбук
Созмони Роскомнадзори Русия эълом кард агар Фейсбук пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони русиро ба ин кишвар интиқол надиҳад, онро масдуд мекунад(мебандад).
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Александр Жаров-раиси ин созмон тасреҳ кард Фейсбук бояд то пеш аз поёни соли 2018 иқдомоте монанди қарор додани пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони рус дар ин кишвар,ҳазфи тамомии муҳтавоҳои ғайриқонунӣ ва риояти қонунҳои дигарро анҷом диҳад.
Вай ҳушдор додааст агар Фейсбук дар анҷоми тамоми нуктаҳои зикршуда ё бархе аз онҳо ноком бимонад ё давлати Русия ҳеҷ нишоне аз қасди онҳо барои иҷрои ин нуктаҳо дарёфт накунад масъалаи масдуд кардани ин шабакаи иҷтимоиро пеш хоҳад кашид.
Жаров дар моҳи феврал дар дидор бо намояндагони Фейсбук дар Маскав дар бораи татбиқ додани ин кишвар бо ҳанҷорҳо ва илзомоти қонунҳои Русия баҳсу гуфтугӯ карда буд.
Тибқи эломи Фейсбук, 87 миллион корбар дар саросари ҷаҳон дар маърази ифшои иттилоот қарор гирифтаанд, ки бисёре аз ин корбарон дар хориҷ аз Аврупо ва теъдоди қобили таваҷҷуҳе низ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба сар мебаранд.