Апрел 21, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Русия: Набояд бо кишварҳои ҳамсӯ бо Амрико созиш кард

Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт, набояд бо кишварҳое, ки роҳи Амрикоро думбол мекунанд созиш кард.

Ба гузориши шабакаи русии «Live», Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, дар ҷаласаи Комиссияи байни идории Шӯрои амнияти Русия афзуд, роҳбурди ҷадиди амнияти миллии Амрико бар хилофи роҳбурди қаблӣ, аҳамияти рӯзафзуне ба истифода аз қудрати низомӣ ба унвони абзоре барои пешбурди манофеи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ додааст.

Ба гуфтаи Патрушев, набояд бо кишварҳое, ки роҳи Амрикаро думбол мекунанд, созише сурат гирад.

Патрушев ҳамчунин ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Амрико, Бритониё ва Фаронса ба Сурияро ғайриқонунӣ донист.

Ин мақоми рус, зимни ташреҳи роҳбурди ҷадиди амнияти миллии Амрико афзуд, дар ин санад таваҷҷуҳи вежае ба тазмини султаи Амрико бар системаи энержии ҷаҳонӣ шудааст.

Дабир Шӯрои амнияти миллии Русия, хотирнишон кард, ки ҳавзаҳои мумкин барои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар баробари сиёсатҳои зидди русии Амрико, бояд тақвият шавад.

 

Барчасп