Апрел 24, 2018 20:41 Asia/Dushanbe
  • Русия: Коршиносони манъи таслиҳоти химиявӣ зери фишор ҳастанд

Як мақоми русӣ эълом кард, коршиносони Созмони манъи таслиҳоти химиявӣ, ки дар Сурия фаъолият мекунанд, зери фишори ғарб ҳастанд, то гузоришҳои ҳамсу бо аҳдофи онон таҳия кунанд.  

Владимир Ермаков, мудири идораи контроли таслиҳот ва манъи густариши силоҳҳои куштори ҷамъии Вазорати хориҷаи Русия ба РИА Новости гуфт: Ғарб ва Амрико бар бозрасони Созмони манъи таслиҳоти химиявӣ дар Сурия фишор ворид меоваранд, то ҳадафи Амрико яъне канор рафтани Башор Асад, раисҷумҳури Сурия аз қудратро дунбол кунанд.  

Ермаков гуфт: Амрико ва муттаҳидонаш барои ҳамлаи мушакӣ ба Сурия баҳона ниёз доштанд ва Амрико токунун ду бор аз ин тактик барои ҳамла ба Сурия истифода кардааст.  

Вай гуфт, ки ҳадафи Маскав кумак ба коршиносони Созмони манъи таслиҳоти химиявӣ ва таъмини шароити кори онҳо дар Сурия аст.