Кушта шудани 11 кӯдак дар ҳамлаи террористӣ дар ҷануби Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33448-Кушта_шудани_11_кӯдак_дар_ҳамлаи_террористӣ_дар_ҷануби_Афғонистон
Бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳори ҷануби Афғонистон, ёздаҳ кӯдаки афғон ҷон бохтанд ва панҷ низомии Руминия захмӣ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 30, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 11 кӯдак дар ҳамлаи террористӣ дар ҷануби Афғонистон

Бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳори ҷануби Афғонистон, ёздаҳ кӯдаки афғон ҷон бохтанд ва панҷ низомии Руминия захмӣ шуданд.

Ин ҳамла замоне дар шаҳристони Домони вилояти Қандаҳор рӯй дод, ки омили инфиҷор бо як мошини бомбгузоришуда, корвони низомиёни руминияиро ҳадаф қарор дод.  

Дар ин ҳамла, ки муқобили мадраса рӯй дод, ҳашт донишомӯзи дигар захмӣ шуданд.  

Фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.