Май 04, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Давлати Бритониё ба далели фурӯши аслиҳа ба Арабистон муҳокима мешавад

Додгоҳе дар Лондон ба тарҳи шикоят аз давлати Бритониё ба далели фурӯши таслиҳот ба Арабистон раъйи мувофиқ дод.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси ҳукми имрӯзи ин додгоҳ, “Корзори зидди тиҷорати аслиҳа” (CAAT) ба унвони шикоятгари ин парванда қодир хоҳад буд, то раъйи соли 2017 додгоҳи олии Бритониёро дар мувофиқат бо фурӯши силоҳ ба Арабистон ба чолиши додгоҳӣ бикашад.

Ин ниҳоди зиддиҷанг мӯътариз аст, ки давлати Бритониё бо таълиқ накардани фурӯши таслиҳот ба Арабистон, ғайриқонунӣ амал карда ва дар ҷиноятҳои суратгирифта дар Яман шарик аст.

Додгоҳи олии Бритониё соли гузашта дар ин замина бо истинод ба шавоҳиде, ки онҳоро маҳрамона хонд, ба нафъи давлат раъй дод.

Андро Смит сухангӯи “Корзори зидди тиҷорати аслиҳа” дар вокуниш ба раъйи имрӯзи додгоҳи Лондон гуфт, ҳамлаҳои ҳавоии этилофи ба саркардагии Арабистон дар Яман бо ҳазорон куштаи ғайринизомӣ, яке аз вахимтарин фоҷиаҳои инсонӣ ба шумор меравад.

Смит ибрози умедворӣ кард, додгоҳи таҷдиди назар ба ғайриқонунӣ будани муомилаи таслиҳотии Лондон-Риёз ҳукм диҳад.

Ин ҳукм ҳамчунин метавонад муомилаи чандмиллиардпундии фурӯши ҷангандаҳои бритониёӣ ба Арабистонро лағв кунад.

 

Барчасп