Гузаргоҳи марзии "Чаман" боз шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3376-Гузаргоҳи_марзии_Чаман_боз_шуд
Гузаргоҳи марзии "Чаман", воқеъ дар минтақаи марзии Балучистони Покистон бо Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар пайи ҳаракатҳои эътирозии шаҳрвандони Афғонистон ва оташ задани парчами Покистон баста шуда буд, имрӯз, пас аз узрхоҳии расмии Афғонистон боз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2016 13:03 Asia/Dushanbe
  • Гузаргоҳи марзии

Гузаргоҳи марзии "Чаман", воқеъ дар минтақаи марзии Балучистони Покистон бо Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар пайи ҳаракатҳои эътирозии шаҳрвандони Афғонистон ва оташ задани парчами Покистон баста шуда буд, имрӯз, пас аз узрхоҳии расмии Афғонистон боз шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, рӯзи гузашта, дар панҷумин даври музокироти масъулони ниҳодҳои марзбонии Кобулу Исломобод тарафи афғон узрхоҳии катбии Афғонистонро таслими тарафи Покистон кард. Бар асоси ин гузориш, рафтуомад аз ин гузаргоҳи марзии муҳим миёни ду ҳамсоя аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, намояндагони ду кишвар ҳамчунин ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва таомулоти дуҷониба бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз мушкилоту танишҳои мушобеҳ дар оянда таъкид ва тавофуқ карданд.

Дарвозаи марзии "Чаман" гузаргоҳи аслии мошинҳои боркаши ҳомили лавозимоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст ва пас аз баста шудани ин дарвоза теъдоди зиёде аз мошинҳои боркаши НАТО ва низ мошинҳои ҳомили бори бозаргонони покистонию афғон дар ду тарафи марз мутаваққиф шуда буданд.

Равобити Покистону Афғонистон ҳудуди як соли ахир ҳамвора бо танишҳои сиёсӣ мувоҷеҳ буда, акнун чанд моҳ аст, ки танишҳои марзӣ низ ба ин ихтилофҳо зам шудаанд.