Май 11, 2018 18:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷиноят алайҳи мусулмонони Бритониё

Аз ҳар панҷ мусулмон дар Нотингҳоми Бритониё, се нафар бо ҷароими ношӣ аз танаффур ва бадбинӣ рӯбарӯ шудаанд.

Ба гузориш рӯзномаи бритониёии «Индепендент», ин арқом нишон медиҳад, мусулмонон танҳо гурӯҳи диние ҳастанд, ки бештар аз ҳама бо хатари рафтори ҷиноӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ин гузориш бо баён инки бисёре аз афрод ба таври мушаххас, исломҳаросӣ ва динро ангезаҳои ин ҷароим унвон кардаанд, афзудаст: 51 дарсади осиёиҳо ва бритониёиҳои осиёитабор, бо ҷароими ношӣ аз танаффур рӯбарӯ шудаанд.

Дар бахши дигаре аз ин гузориш эълом шуда, ки теъдоди ҷиноятҳои ношӣ аз танаффур аз соли 2016 то 2017 аз ҳамаи муддате, ки вазорати кишвар Бритониё аз ҳафт соли қабл шурӯъ ба ҷамъоварии иттилооти ин ҷароим карда, бесобиқа будааст.

 

Барчасп