Май 16, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Имзои фармони ташкили давлати ҷадиди Русия аз сӯи Путин

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи сешанбе фармони ташкили давлати ҷадиди ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник аз Маскав, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия пештар пешнависи санади ташкили давлати ҷадидро тақдими Путин карда буд.

Медведев ба тозагӣ аз сӯи Путин барои чаҳорумин бор ба унвони нахуствазир, муаррифӣ шуда буд.

Вай эълом кард, тағйироти асосӣ дар давлат эҷод намешавад, зеро сохтори давлат шоистагиро собит кардааст.

Нахуствазири Русия бо ин ҳол гуфт, бархе тағйирот хоҳем дошт ва дар он вазорати омӯзишу парвариш ва улум ба ду вазоратхонаи ҷудогонаи омӯзиш ва парвариш ва вазорати улум ва омӯзиши олӣ, тақсим хоҳад шуд.

Дар пайи адои савганди Владимир Путин барои оғози давраи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ, кобинаи ин кишвар ба нахуствазирии Медведев дар иқдоме марсум, истеъфо карда буд.