Май 16, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Дархости таваққуфи сабти номи раъйдиҳандагони интихобот дар Афғонистон

Бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон мавсум ба “Фифа” таваққуфи раванди сабти номи раъйдиҳандагони интихоботи парлумонии ин кишварро хостор шуд.  

Юсуф Рашид, раиси иҷроии “Фифа” дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, ихтилофот дар раванди сабти номи раъйдиҳандагон муҷиби беэътимодии мардуми Афғонистон ба интихобот шудааст.

Вай афзуд: Иқдоми ахири Комиссияи интихоботи Афғонистон дар истифода аз копияи шиноснома барои сабти номи раъйдиҳандагон иқдоме ғайриқонунӣ аст, зеро давлат тавоноии ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар интихоботро нахоҳад дошт.