Фуруди муъҷизаосои ҳавопаймои чинӣ бо маҳорати халабон
Як халабони чинӣ дар иртифои 10 ҳазор метрии сатҳи замин ва дар ҳоле, ки шишаи ҷилави кабини халабон комилан аз ҷо даромада буд, тавонист ҳавопайморо ба саломат ба замин бинишонад ва ҳамаи мусофиронро наҷот диҳад.
Шишаи кабини халабони ҳавопаймои шумораи 3u8633 парвози сешанбеи ширкати ҳавопаймоии Сичуани Чин, ҳангоми парвоз шикаст ва аз ҷо канда шуд, аммо Лю Чуван Ҷиён, халабони парвоз ва ҳамкорони ӯ тавонистанд дар шароите бисёр хатарнок, ҳавопайморо ба саломат рӯи замин бинишонанд.
Дамои ҳаво 34 дараҷа зери сифр буд ва вазиши бод боиси осебдидагии ҷиддии халабон ва кумакхалабон шуда буд, аммо халабон тавонист бо муваффақият 270 сарнишинро ба замин нишонад.
Ин ҳавопаймо аз шаҳри Чонгчинг озими Лҳаса дар Тибет буд.