Май 19, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт куштаву 43 захмӣ бар асари инфиҷори бомба дар Афғонистон

Бар асари инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, ҳашт нафар кушта ва 43 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин инфиҷор ҷумъашаб дар варзишгоҳи Крикети шаҳри Ҷалолобод, ҳангоми бозии ду тими пуртарафдор рух дод.

Ҳоли ҳафт нафар аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

Як мақоми маҳаллии вилояти Лағмон низ дар миёни кушташудагони ин инфиҷор аст.

Ҳарчанд то кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин гурӯҳи Толибон дар вилояти Нангарҳор ҳузур доранд.