Май 20, 2018 16:13 Asia/Dushanbe
  • Эъломи афви умумӣ, тарҳи ҷадиди Толибон барои рӯёрӯӣ бо давлати Афғонистон

Толибон бо эъломи тарҳи ҷадиди афви умумӣ таъкид кард, дар сурате, ки нерӯҳои амниятии афғон ҳамкорӣ бо ҳукумати ваҳдати миллиро мутаваққиф кунанд, ҳадафи ҳамалоти ин гурӯҳ қарор нахоҳад гирифт ва амнияти онҳо низ тазмин мешавад.  

Толибон бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин гурӯҳ ба далели ҷилавгирӣ аз афзоиши талафоти нерӯҳои амниятии афғон, афродеро, ки аз суфуфи нерӯҳои давлатӣ хориҷ шаванд, мавриди афви умумӣ қарор медиҳад.  

Дар ин баёния омадааст, далели ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои амниятии афғон дар даргирӣ бо Толибон ҳимояти онҳо аз нерӯҳои хориҷӣ ва давлати Афғонистон аст.