Май 23, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ёвагӯии ҷадиди Пампео алайҳи Эрон

Вазири хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе бори дигар ба такрори иттиҳомот ва иддаоҳои беасоси худ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт.

Ба гузориши ИРНА, Майк Пампео дар изҳороти музҳик Эронро ба анҷоми “иқдомоти мухарриб дар ҷаҳон” муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, Амрико дар муқобили иқдомоти Эрон сукут нахоҳад кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки мусташорӣ ба онҳо ироа мекунад. Иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мазоқи мақомоти амрикоӣ хушоянд нест.

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин ба стратегияи ҷадиди Вашингтон дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора кард ва гуфт, Амрико талош хоҳад кард ба як рӯйкарди дипломатии муштарак бо Аврупо барои руёрӯӣ бо Эрон бирасад.

Пампео рӯзи душанбе низ дар яке аз тавҳиномезтарин суханрониҳои вазирони умури хориҷаи Амрико тайи солҳои ахир, иттиҳомоти беасосеро ба миллати Эрон ворид ва таҳдид кард, Вашингтон шадидтарин таҳримҳои таърихро алайҳи Эрон ҷорӣ хоҳад кард.