Тағйири низоми интихоботи парлумонӣ хостаи мухолифони давлати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34802-Тағйири_низоми_интихоботи_парлумонӣ_хостаи_мухолифони_давлати_Афғонистон
Шуморе аз аҳзоби сиёсии Афғонистон дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Кобул, тағйири низоми интихоботи парлумонӣ ва таъини саҳмияи мушаххас барои аҳзоби сиёсӣ дар парлумони ин кишварро зарурӣ донистанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 28, 2018 18:59 Asia/Dushanbe
  • Тағйири низоми интихоботи парлумонӣ хостаи мухолифони давлати Афғонистон

Шуморе аз аҳзоби сиёсии Афғонистон дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Кобул, тағйири низоми интихоботи парлумонӣ ва таъини саҳмияи мушаххас барои аҳзоби сиёсӣ дар парлумони ин кишварро зарурӣ донистанд.  

Дар ин гирдиҳамоӣ 20 ҳизби сиёсии бузурги Афғонистон аз ҷумла ҷамъияти исломӣ, ҷунбиши миллӣ ва исломӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳизби исломӣ ҳузур доштанд ва намояндагони ин гурӯҳҳо низоми кунунии интихоботи Афғонистонро нокоромад донистанд.  

Асадуллоҳи Саодатӣ, намояндаи ҳизби ваҳдати исломӣ гуфт: Агар давлати Афғонистон низоми интихоботиро тағйир диҳад ва барои аҳзоб дар парлумон саҳм қоил шавад, парлумоне коромад хоҳем дошт.