9 кушта - натиҷаи ҳамлаи Толибон ба маркази полиси Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34888-9_кушта_натиҷаи_ҳамлаи_Толибон_ба_маркази_полиси_Афғонистон
Инфиҷори мошини бомбагузоришуда дар вилояти Лугар (шарқи Афғонистон) 9 кушта бар ҷой гузошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • 9 кушта - натиҷаи ҳамлаи Толибон ба маркази полиси Афғонистон

Инфиҷори мошини бомбагузоришуда дар вилояти Лугар (шарқи Афғонистон) 9 кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон аз Кобул, ин ҳамлаи террористӣ замоне рӯй дод, ки як ҳамлакунанда мошини бомбагузоришударо муқобили сохтмони фармондеҳии полиси шаҳри Пули Алам, маркази вилояти Лугар мунфаҷир кард.

Пас аз ин ҳодиса се муҳоҷими дигар бо нерӯҳои полис даргир шуданд.

Дар ин ҳамла 9 полис, аз ҷумла фармондеҳи полиси ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Пули Алам кушта ва чаҳор ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон гуфтааст, муҳоҷимони ношинос пас аз чанд дақиқаи даргирӣ ба зарби гулӯлаи нерӯҳои полис кушта шуданд.

 Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.